ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ШИН ЛОНГ

22-07-2022
Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва роҳбари лоиҳаи татбиқшаванда (STEM) Шин Лонг доир гардид. 
Зимни суҳбат иброз гардид, ки ҳадаф аз вохӯрии мазкур муҳокимаи лоиҳаи панҷсолаи “Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна” (STEM) солҳои 2023-2028 татбиқшаванда мебошад. 
-Дар ҳақиқат мавзуъи лоиҳаи STEM хеле актуалӣ буда, ба афзалияти аз ҳама асосии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне тавсияи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷавобгӯй аст. Аз тарафи дигар таҳия ва иҷрои чунин лоиҳа дар масъалаи ба ҳаёт татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (ё бо истилоҳи байналмилалӣ STEM) кумак мерасонад. Инчунин, лоиҳаи мазкур ба афзалиятҳои нави иқтисодиёти миллии кишвар, ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон муайян шудааст, яъне саноатикунонии кишвар ва эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле мувофиқ аст, - зикр гардид зимни суҳбат. 
Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаи “Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна” (STEM) дар истифодаи васеътари усулҳои муосири таълим барои беҳтар намудани таҷрибаи таълим ва баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилот, аз ҷумла равиши илмӣ-технологӣ ва муҳандисию риёзӣ ва беҳтар намудани сифати инфрасохтори мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳкими низоми идоракунӣ дар системаи маориф ва илм мусоидат мекунад.
 
Бахтовар Сафаров