Вохӯрии Раҳим Саидзода бо Андреас Протманн
01-12-2022
1-уми декабри соли ҷорӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм мубодилаи афкор намуданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар асоси Протоколи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ ва барномаҳое, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ба роҳ монда шудааст.
Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Федеративии Олмон беш аз 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Россия ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ба донишҷӯён забони олмонӣ таълим дода мешавад.
Дар баробари ин, озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе ва таҷлили “Рӯзи омӯзгори забони олмонӣ” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи чорабиниҳое буданд, ки дар соли 2022 дар доираи ҳамкориҳои ҷойдошта баргузор гардидаанд.