ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

24-04-2023
Рӯзи 24 апрели соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон вохӯрии Ҷамшед Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илм бо Умут Аҷар – сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Озан Кублай – котиби дуюми консули сафорати Туркия ва дигар шахсони масъул низ ширкат варзиданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Ҷамшед Ҷӯразода иброз намуд, ки имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, рӯз то рӯз рушд карда истодаанд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм қайд намуд, ки дар вохӯрии имрӯза бурсияҳои Ҷумҳурии Туркия дар соли таҳсили 2023-2024 барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад, ки заминаи хубе барои рушди ҳамкориҳост.
Дар идома Умут Аҷар аз ҳамкориҳои дуҷониба дар дар самти илму маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки вусъати ҳамкориҳо дар ин самт ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд. Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон