ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ БОШҚИРДИСТОН БА НОМИ М. АКМУЛЛИ

16-04-2024
16-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулли Салават Сагитов баргузор гардид.
Дар ибтидо Ҷамшед Ҷӯразода дар бораи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти маориф ва илм суханронӣ намуда, зикр кард, ки ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар сол то сол рушд меёбад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, тақвияти ҳамкориҳо дар самти тайёр намудани омӯзгорони фанҳои забони англисӣ, забони русӣ ва адабиёти рус дар зинаҳои бакалавр ва магистратура, мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон