ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ КОРГОҲИ ЛУБАН

24-04-2023
24-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо намояндаи коргоҳи Лубан дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаноби Ли Сибин баргузор гардид.
Муовини якуми вазири маориф ва илм қайд намуд, ки ҳадаф аз вохӯрии имрӯза баррасии фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин - коргоҳи Лубан дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки коргоҳи Лубан – маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии мубодилаи фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои хориҷӣ буда, аз маҷмӯи марказҳои таълимӣ - амалии ихтисосҳои муҳандисӣ иборат аст ва дар беш аз 20 кишвари Осиё, Аврупо, Африқо ва Канада сохта ба истифода дода шудааст.
Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон