ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД (ЮНИСЕФ)

12-03-2024
12 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) вобаста ба баррасии таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини якуми вазири маориф ва илм, иброз дошт, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 30 августи соли 2022 Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид ва ҳадаф аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ тавассути ТИК (технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад. Он бо назардошти рушди ҷомеа ва навсозии системаи таҳсилот таҳия шуда, арзишҳои миллию башарӣ, дастовардҳои илмию техникиро фаро мегирад.
Дар идома намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042-ро боиси рушди таҳсилоти рақамӣ дониста, қайд карданд, ки дар ин замина метавон ҳамкориҳои дуҷонибаро вусъат бахшид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон