Вохӯрии Муҳаммаддовуд Саломиён бо намояндагони Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқи Ҷумҳурии Фаронса

12-11-2021
12-уми ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран, муовини президент оид ба робитаҳои байналмилалии Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқи Ҷумҳурии Фаронса Жил Форло ва омӯзгори забон ва адабиёти форсии донишкадаи мазкур Жюли Дювино баргузор гардид. 
Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим, омӯзиши забонҳои фаронсавӣ ва тоҷикӣ, таҳқиқи осори адибон, хусусан дар самти табодули донишҷӯён арзёбӣ намуданд.
Жил Форло - муовини президент оид ба робитаҳои байналмилалии Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқ иброз дошт, ки айни замон ду нафар хатмкардаи донишкадаи мазкур омодаанд, ки ба муҳассилони макотиби олии Тоҷикистон аз забони фаронсавӣ дарс гӯянд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқ яке аз муассисаҳои пешқадам дар соҳаи тадқиқот ва омӯзиши забонҳои шарқӣ, инчунин тамаддунҳои Осиё, Африқо, Уқёнусия ва Аврупои Шарқӣ мебошад. Дар донишкадаи мазкур 103 забон омӯзонида мешавад ва 200 нафар муҳассилин ба омӯзиши забони форсӣ машғул буда, талоши такмил додани маҳорати забономӯзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
Қобили зикр аст, ки айни ҳол лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқи Ҷумҳурии Фаронса бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор дорад. 
Бахтовар САФАРОВ