Вохӯрии Муҳаммаддовуд Саломиён бо Франсуа Бланки

16-08-2021
12 августи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён бо ҳамоҳангсози нави Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) барои барномаҳои муҳофизат дар минтақаи Осиёи Миёна Франсуа Бланки доир гардид. 
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муаррифӣ намудани барномаи КБСС ҷиҳати дидорбинии оилавӣ, ҷорӣ намудани барномаи кумаки равонии КБСС барои кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна баргардонидашуда ва табодули мавзӯъҳои умумии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд. 
Ҷаноби Франсуа Бланки дар ҷараёни вохӯрӣ ба Вазорати маориф ва илм барои мусоидат ба ташкил намудани дидорбинии кӯдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудаанд ва ҳоло дар мактаб-интернатҳо ҷойгиранд, изҳори миннатдорӣ кард. 
Инчунин, дар мавриди дастгирии омӯзгорону хонандагони ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ зарар дидаанд, миёни ҷонибҳо маслиҳату машваратҳои судманд сурат гирифт. 
Мавриди зикр аст, ки КБСС бо факултаҳои ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вобаста ба даъвати донишҷӯёну омӯзгорон ба озмунҳои гуногуни марбут ба ҳуқуқи байналмилалии башар (Martens Readings), навиштани эссе ва тақдими саривақтии нашрияҳои дахлдори байналмилалии ҳуқуқи башар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамкории судманд дорад. 
Ҳамчунин, КБСС ба аъзои оилаҳои кӯдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна баргардонида шудаанд ва ҳоло дар мактаб-интернатҳо ҷойгиранд, барои дидорбинии кӯдакони зикршуда ёрӣ мерасонад. 
Бахтовар Сафаров