ВОХӮРИИ ҶАМШЕД ҶӮРАЗОДА БО АНГЕЛИКА ШОПП

24-05-2022
24-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон Ангелика Шопп баргузор гардид. 
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба расонидани кумаки равонии КБСС барои кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна баргардонидашуда, дидорбинии оилавӣ, ҳамкорӣ бо равоншиносони мактаб-интернатҳо ва мавзуъҳои умумии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд. 
Хонум Ангелика Шопп дар ҷараёни вохӯрӣ ба Вазорати маориф ва илм барои мусоидат ба ташкил намудани дидорбинии кӯдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудаанд ва ҳоло дар мактаб-интернатҳо ҷойгиранд, изҳори миннатдорӣ кард. 
Инчунин, дар мавриди таъсиси гурӯҳҳои корӣ бо ҷалби равоншиносони мактаб-интернатҳои мухталифи тобеи Вазорати маориф ва илм, ки ба кӯдакони аз минтақаҳои муноқиша ба Ватан баргашта, кумаки солимии равонӣ ва дастгирии психологию иҷтимоӣ мерасонанд, миёни ҷонибҳо маслиҳату машваратҳои судманд сурат гирифт. 
Бояд гуфт, ки КБСС бо факултетҳои ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро дар самти ҳуқуқи байналхалқии башардӯстона идома медиҳад. 
Ҳамчунин, КБСС ба аъзои оилаҳои кӯдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна баргардонида шудаанд ва ҳоло дар мактаб-интернатҳо ҷойгиранд, ёрӣ мерасонад. 
БАХТОВАР САФАРОВ