Вохӯрӣ бо сафири Малайзия

21-11-2018
Дар доираи ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия дар соҳаи маориф солҳои охир сафи донишомӯзони тоҷик дар ин кишвар зиёд шуда истодааст ва ин барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон шароити мусоид фароҳам меоварад.
Дар ҳошияи ин ҳамкориҳо 20-уми ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони сафорати Ҷумҳурии Малайзия дар Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм доир гашт. Дар вохӯрӣ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва сафири Ҷумҳурии Малайзия дар Тоҷикистон Ҳенди Ассан иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид нахуст сипосу миннатдории худро барои дастгирӣ ва ба таълим фаро гирифтани донишомӯзони тоҷик дар Ҷумҳурии Малайзия баён дошта, инчунин, барои  дар оянда ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо дар самтҳои маориф ва илм изҳори андеша намуд. Қайд карда шуд, ки ба роҳ мондани  конфронсу ҳамоишҳои илмӣ байни ду кишвар ва табодули таҷриба миёни омӯзгорон аз манфиат холӣ нест. 
-Қобили қабул аст, агар дар Тоҷикистон намоишгоҳ-ярмаркаи донишгоҳҳои Малайзия доир гардида, шартномаҳои дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Малайзия ба имзо расонида шаванд,-таъкид кард Нуриддин Саид.
Сафири Малайзия дар Тоҷикистон Ҳенди Ассан аз пазироии олӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф маълумот дод. Мавсуф қайд кард, ки барои зиёд намудани теъдоди квотаҳо ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни тоҷик дар Малайзия  ва татбиқи пешниҳодоти вазир аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Малайзия дар Тоҷикистон тамоми чораҳо андешида мешаванд. 
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО,
корманди Маркази матбуоти
 Вазорати маориф ва илм