Вохӯрӣ бо намояндагони Донишгоҳи Бахчешехир

02-11-2021
2- юми ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар бо намояндагони Донишгоҳи Бахчешехири Туркия баргузор гардид, ки дар он Ҳикмет Илдирим- котиби генералии Донишгоҳи Бахчешехир ва Мурат Дундар- декани факултети меъмории донишгоҳи мазкур иштирок карданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи  ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Бахчешехир бо Вазорати маориф ва илм ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
 Нахуст, Қодирзода Диловар- муовини вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки ҳадаф аз ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Бахчешехир дар он аст, ки донишгоҳи мазкур дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас дорад. 
Ҳикмет Илдирим- котиби генералии Донишгоҳи Бахчешехир изҳор намуд, ки дар  донишгоҳи мазкур 30 ҳазор донишҷӯ аз 127 давлати дунё таҳсил доранд, ки 11 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Донишгоҳ дорои филиалҳои худ дар давлатҳои мутараққи буда, хоҳиши ташкили донишгоҳ дар самти афзалиятноки рушди иҷтисоди Тоҷикитсон мебошад.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таклифу пешниҳодҳо ва масъалаҳои матраҳшуда расман тавассути роҳҳои дипломатӣ барои корбарии минбаъда пешниҳод гардида, ҳамкориҳо дар ин самт вусъат меёбанд.

Азизаи Сафоназар