ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №43-И ШАҲРИ ВАҲДАТ

25-04-2023
25 апрели соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и шаҳри Ваҳдат шинос шуд.
Дар рафти шинос шудан бо таълиму тарбия маълум гардид, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и деҳаи Бостони ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат соли 1968 барои 280 нафар хонанда сохта шуда, айни ҳол дар он 740 нафар хонанда таҳсил намуда истодааст, ки дар натиҷа мушкили нарасидани ҷойи нишаст пеш омадааст. Ҳарчанд 2 синфхонаи иловагӣ, як бино барои китобхона ва ҳуҷраи созмони хонандагон сохта ба истифода дода шуда бошад ҳам, мушкили нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагон то ҳол пурра бартараф нагардидааст. Сохтмони 2 синфхонаи иловагии дигар низ идома дошта, интизор меравад, ки то оғози соли хониши 2023-2024 ин синфхонаҳо ба истифода дода мешаванд.
Дастовардҳои омӯзгорони муассиса дар гузашта назаррас бошад ҳам, имрӯз чандон қонеъкунанда нест. Шуруъ аз 01.04.2023 бинобар сабаби ба хориҷа рафтан дар муассиса мушкили норасоии омӯзгорони фанҳои география, таърихи халқи тоҷик, таълими меҳнат ва ҳуқуқи инсон ба вуҷуд омадааст.
Сабти номи хонандагон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар хуб ба роҳ монда нашуда, қисми зиёди хатмкунандагон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат насупоридаанд. Зимни суҳбат бо хонандагон вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ маҳз тавассути Маркази милии тестӣ шаффоф буда, кафили таҳсили минбаъдаи довталабон аст. Таъкид карда шуд, ки маҳз бо илму дониш наврасону ҷавонон метавонанд, ки ба ҳадафҳои созандаи худ расанд ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми муносиби худро гузоранд.
Зимни суҳбат бо аҳли кормандони муассисаи таълимии мазкур вазири маориф ва илм тазаккур дод, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф омӯзгорон ба фаъолияти хеш дар самти таълиму тарбияи насли наврас вусъат бахшида, дар замири онҳо меҳру муҳаббат нисбат ба Ватани маҳбуб, ҳисси худшиносиро бедор намоянд. Ҳамчунин, аҳли маорифи кишвар дар самти воло нигаҳ доштани мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бояд пайваста талош намуда, дар пешрафти соҳаи афзалиятнок саҳми назарраси худро гузоранд. Таъкид гардид, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар кишвар озмунҳои гуногун баргузор карда мешавад, ки иштироки хонандагону омӯзгорон дар онҳо рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Ҷиҳати иштироки бештари хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ зарурати дигар кардани шеваи кор пеш омадааст.
Раҳим Саидзода ба масъулини муассиса ва раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби омӯзгорони варзида, ҷалби шарикони рушд ва сохтани синфхонаҳои иловагӣ, вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ, аз бар намудани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, риояи интизоми меҳнат аз ҷониби омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон