ВАЗЪИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

05-05-2023
5 майи соли равон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода дар доираи сафари корӣ бо рафти сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва вазъи таълиму тарбия ва вилояти Хатлон шинос шуд.
Нахуст зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Сияршо Бобиеви ноҳияи Дӯстӣ муовини вазири маориф ва илм бо рафти сохтмони бинои нави муассиса шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмон соли 2022 оғоз гардида, тибқи нақша соли равон бинои нави муассиса ба истифода дода шавад. Бинои нави муассиса тибқи нақша 2-ошёна буда, дорои 10 синфхона мебошад. Айни ҳол 30 – 35 % корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст.
Ҳамчунин Зиёдулло Абдулзода аз рафти сохтмони бинои шуъбаи маориф боздид кард. Барои сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маориф, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, деҳаи А. Раҷабов, дар масоҳати 1400 м2 замин ҷудо шуда, соли 2022 сохтмон оғоз гардидааст ва тибқи нақша соли равон ба истифода дода мешавад. Бино 3-ошёна буда, айни ҳол 40 – 45 %-и корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст.
Дар идома тибқи дастури вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода муовини вазири маориф ва илм аз рафти азнавсозии кӯдакистони №1 шинос шуд. Кӯдакистони №1 ба пуррагӣ таъмиру азнавсозӣ шуда, соли равон ба истифода дода мешавад.
Сипас Зиёдулло Абдулзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид намуд. Зимни боздид аз муассисаи мазкур, асосан, масъалаи аттестатсияи давлатии хатм мавриди баррасӣ қарор гирифта, муовини вазири маориф ва илм оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман " изҳори назар кард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса 29 нафар омўзгор ба таълиму тарбияи 457 нафар хонанда машғул буда, таълиму тарбия дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Аз 18 нафар ҳатмкунандагони синфи 11-ум 17 нафари онҳо ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки ин 94,4%-ро ташкил медиҳад.
Муовини вазири маориф ва илм ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. Қайд гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан, сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон