ВАЗЪИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ҲИСОР МАВРИДИ ОМӮЗИШ ВА БАРРАСӢ ҚАРОР ДОДА ШУД

07-03-2024
Имрӯз, 7 марти соли 2024 дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор масъалаҳои интизоми меҳнат, сатҳу сифати таълим, донишазхудкунии хонандагон ва ҷараёни гузаронидани дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо бояд ба таълиму тарбия, махсусан, сифати таҳсилот диққати махсус дода шавад. Маҳз баланд бардоштани сифати таҳсилот боис мегардад, ки мутахассисони варзида омода гардида, рушди устувори кишвар таъмин карда шавад. 
Гуфта шуд, ки маҳз фарогирии ҷавонон ба таълиму тарбия ва донишазхудкунии онҳо кафили ояндаи рӯшани онҳост. Баҳри иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ лозим аст, ки ҳамкории волидайн бо мактабу омӯзгор дар сатҳи беҳтар ба роҳ монда шуда, ҳар чӣ бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.
Сипас, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода оид ба натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ аз вазъи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор баромад намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар баробари пешравию дастовардҳои омӯзгорон ҳоло ҳам камбудиву норасоиҳо ҷой доранд, ки масъулинро мебояд баҳри бартараф намудани онҳо бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд. 
Дар идома миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар охир муовини вазири маориф ва илм таъкид кард, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати   миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илм дар самти тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ҷаласа муовини маориф ва илм аз муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор дидан карда, бо вазъи таълиму тарбия шинос гардид ва бо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ суҳбат орост.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон