ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ АЗ 01.11.2022 ТО 10.11.2022 ИДОМА МЕЁБАД!

29-10-2022
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, падару модарон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мерасонад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чоряки якум 31.10.2022 ҷамъбаст гардида, тибқи “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таътили тирамоҳӣ аз 01.11.2022 то 10.11.2022 идома меёбад.
Дарсҳо дар чоряки дуюм аз 11.11.2022 оғоз ёфта, то 31.12.2022 идома меёбад.