ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ” КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

05-10-2022
Бо ибтикори Вазорати маориф ва илм 5–уми октябри  соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  конференсияи  илмӣ-назариявӣ таҳти унвонт “Забони миллат – ҳастии миллат”  баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазир Шукрулло Хайрзода, сардорони раёсат, шуъба, бахш ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм Р. Саидзода зимни сухани табрикотии худ аз таърих ва мақоми забони тоҷикӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ соҳаи маорифро пайваста дар мадди аввал қарор додаанд ва имрӯз дастовардҳои бузурги илмӣ маҳз тавассути забони миллӣ эҷод ва муаррифӣ мешаванд. 
Дар идома Дилмурод Ҳомидов – доктори илми филология, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ” ва Мунаввара Усмонова – номзади илми филология, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи “Ҷойгоҳи забони давлатӣ дар пешрафти низоми илму маориф” маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»  қабул гардид ва ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар кишвари азизамон таҷлил мешавад. 
Тадбиру чорабиниҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ба он равона шуда истодааст, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони илм қарор дода шавад. Муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки барои ташаккули забони тоҷикӣ хамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Пеш аз ҳама,  навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои хонандагону донишҷӯён дар асоси забони ноби содаю равони тоҷикӣ ва забони илмӣ бояд ба раванди доимӣ табдил  ёбад. Дар баробари ин, боло бурдани сатҳи фарҳанги забондонӣ вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ  мебошад. Аз ин рӯ, ба таълими он бояд бо истифода аз усулу имкониятҳои замони ҳозираи  илму техника ва технологияи нав бештар диққат дода шавад ва барои ташкили муҳити забонӣ шароит фароҳам оварда шавад.
 
Комрони Аслон