ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БА ОМӮЗГОРОН

15-09-2023
Имрӯз, 15 сентябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷиҳати ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб намудани хатмкунандагони курсҳои 4 ва 5-и равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷаласа баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст зимни сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илм қайд кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати маориф ва илм ин ба омӯзгорони варзида таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ мебошад. Раҳим Саидзода қайд намуд, ки соли 2024 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ хатм мекунанд ва ин хатмкунандагон дар асоси шартномаи чорҷониба метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намоянд. Тартиби ҷалби хатмкунандагон ба фаъолияти омӯзгориро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Раиси ҷаласа ҳамчунин диққати ҳозиринро ба масъалаҳои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти босамари омӯзгорон, ҳозиршавии хатмкунандагон ба ҷойи кор, аз ҷумла хатмкунандагони равияҳои омўзгорӣ ҷалб намуда, ба сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мудирони шуъбаҳои маориф ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаҳои дар боло зикргардида дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома миёни ҳозирин вобаста ба масъалаи зикргардида мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт ироа гардид.
Дар охир вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб намудани донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-и ихтисосҳои равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро дар асоси “Тартиби ба таври истисно ба кори педагогӣ машғул шудани донишҷӯёни курси 4-уми ихтисосҳои алоҳида ва курси 5-уми ихтисосҳои ҳамгирои шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои равияи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва шартонома ба роҳ монанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон