ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

24-06-2022
24–уми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода, З.Абдулзода, Ш.Хайрзода, сардорони раёсат, шуъба, бахш ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм Р. Саидзода зимни сухани табрикотии худ аз таърих ва дастовардҳои истиқлолу Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаашон соҳаи маорифро пайваста дар мадди аввал қарор додаанд. Мактабу маориф, омӯзгору хонанда ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои Роҳбари олии кишвар қарор доранд. Ислоҳоти соҳаи маориф ва раванди таҷдидгароӣ дар ин ҷода ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар сахт алоқмандӣ дорад. Чунин назари некбинона боиси он шудааст, ки фазои таҳсилот дар кишвар ба нафъи ҷомеа равона гардад ва самараи дилхоҳ ба бор орад. Таъсис додани квотаҳои президентӣ, ҷорӣ гардидани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон, роҳандозӣ гардидани як қатор ҷоизаҳо барои омӯзгорону олимон аз зумраи иқдомҳоеанд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолию Ваҳдати миллӣ рӯйи кор омадаанд. 
Сипас, муовини вазири маориф ва илм Ш. Хайрзода дар мавзуи “Ваҳдати –миллӣ омили бунёдии рушди иқтисоди миллӣ” баромад намуд. Мавсуф, аз ҷумла, зикр кард, ки бо ташаббус ва ҳидояти Сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 сол муқаддам 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки кафили пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон гардид. Ҳамзамон, пас аз ба даст даровардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноил гардидан ба Ваҳдати миллӣ бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок аҳамияти махсус дода, маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.
Агар соли 2000 ба соҳаи маориф 37 миллиону 425 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2022 ба 6 миллиарду 304 миллиону 25 ҳазор сомонӣ расид. Яъне, нишондиҳандаи маблағузории соҳаи маориф соли 2022 нисбат ба ММД 6 фоиз ва нисбат ба хароҷоти буҷети 18,6 фоизро ташкил медиҳад. Яке аз ислоҳоти самарабахш дар ин самт ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ (меъёрӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Вобаста ба маблағгузории сарикасӣ мустақилияти молиявии мактабҳо бештар гардида, иштироки ҷомеа дар идоракунии мактаб таъмин гардид. Акнун мактаб мустақилона самти афзалиятноки истифодаи маблағҳоро муайян намуда, имкон пайдо мекунад, ки онҳоро самаранок истифода барад.
Дар охир, бори дигар вазири маориф ва илм тамоми иштирокдорони ҳамоишро ба ин санаи таърихӣ табрику таҳният гуфт.