ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИЛМ

24-04-2024
Илму навоварӣ дар замони муосир муҳаррики асосии пешрафту тарақиёти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамарӯза дар манотиқи гуногуни ҷаҳон башарият ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба соҳаи илм бетараф набуда,  ба тарбияи мутахассисони варзида таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Рӯйи кор омадани озмуну олимпиадаҳои илмӣ, баргузории конфренсияву семинарҳои байналмилалӣ ва садҳо иқдомҳои дигар барои рушду пешрафти илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои мусоид фароҳам намудааст.
Дар ин росто 24-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи Сурӯш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  Насиба Содиқӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир, раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ, раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, намояндагони ниҳодҳои дахлдор, иштирокчиёну ғолибони озмунҳои болозикр  ва дигар кормандони соҳаи маориф ва илм баргузор гардид. 
 Дар ибтидо вазири маориф ва илм аз дастовардҳои вазорат дар самти илм ёдовар шуда, қайд кард, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Магистранти сол» ва дигар озмунҳои илмӣ барои рушди илми тоҷик омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
Сипас ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» бо гирифтани диплому ифтихорномаҳо  ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. 
Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷўён, магистрантон, докторантон аз рўи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аз аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассисаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ихтироотҳои донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рўи ихтисос (PhD)-ро дар ҳаҷми 181 кори илмӣ ва лоиҳаҳои ихтироотӣ пешниҳод намуданд. 
Тибқи хулосаву баҳогузории комиссияи экспертии озмун кори беҳтарини илмию тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои ихтироотии донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рўи ихтисос (PhD) муайян гардида, сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорнома дониста шуданд. 
Ҳамин тавр, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ширкат намуда, дар маҷмуъ соҳиби 42 ҷойи ифтихорӣ (20 ҷойи 1, 14 ҷойи 2 ва 8 ҷойи 3) ва 14 ифтихорнома гардиданд. 
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол», ки миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 12 кори илмӣ-таҳқиқотӣ пешниҳод шуд. Аз 12 кори пешниҳодшуда магистрантон соҳиби 1 ҷойи 1, 2 ҷойи 2, 2 ҷойи 3 ва 2 ифтихорнома гардиданд.
Ҳамзамон, як қатор кормандони соҳаи илму маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик сарфароз гардиданд.
Дар охир дар иҷрои оркестри эстрадии назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон