ТАҲЛИЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ВА МУАРРИФИИ МУДИРИ НАВИ ШУЪБАИ МАОРИФИ ШАҲРИ БОХТАР

20-05-2023
Имрӯз, 20 майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар ҷамъомад баргузор гардид.
Нахуст вазири маориф ва илм оид ба масъалаҳои мубрами соҳа изҳори назар кард. Аз  ҷумла, дар хусуси таъмири муассисаҳои таълимӣ, пешгирии азхудкунии заминҳои муассисаҳои таълимӣ, роҳ надодан ба ҷамъоварии маблағҳо ва чанде дигар гуфта гузашт. Раҳим Саидзода қайд намуд, ки нафароне, ки аз аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нагузаштаанд, бояд аз вазифаи директори муассисаи таълимӣ озод карда шаванд ва метавонанд дар дигар вазифаҳо фаъолият намоянд. Дар ҷойи онҳо кадрҳои тахассусманди соҳа бо фармоиши мудири шуъбаи маориф таъин карда шаванд. Таъин кардан ба вазифаи директори муассисаи таълимӣ ба уҳдаи мудири шуъбаи маориф дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад. 
Дар идома вазири маориф ва илм дар бораи иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар олимпиадаҳои фаннӣ суханронӣ намуда, дастовардҳои онҳоро дар ин самт начандон хуб арзёбӣ кард.
Сипас мудири нави шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода муаррифӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки Шоиста Абдуназарзода дар вазифаҳои директори литсей, мутахассиси раёсати маориф ва муовини раиси шаҳр фаъолият кардааст ва номзади мувофиқ ба вазифаи мудири шуъбаи маориф аст. Инчунин, мавсуф номзади илмҳои филологӣ мебошад.
Раҳим Саидзода дар охир ба масъулин ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бандҳои дахлдори барномаҳои давлатӣ, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва дастурҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон