ТАҲКИМИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ – КОМУНИКАТСИОНӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАБИӢ ВА РИЁЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16-04-2024
16-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО дар меҳмонхонаи Румӣ семинари дуюми миллӣ вобаста ба ворид намудани стандартҳои салоҳият дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар барномаҳои омӯзишии омӯзгорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, намояндагон аз дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алма-Ато, роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, омӯзгорони фанҳои табиию риёзии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо 20 - солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиию риёзӣ ва дақиқ эълон гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушд ва раванди рақамикунонии соҳаи маориф ва татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт созишномаҳои нави ҳамкориро ба имзо расонидааст.
Гуфта шуд, ки семинари дуюми миллии имрӯза барои рушди ҳамкориҳо, татбиқи ҳадафҳо дар самти ислоҳоти соҳаи маориф, ворид гардидани низоми таҳсилоти Тоҷикистон ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва рақамикунонии раванди таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.
Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур ин фаҳмидани стандарт, талаботи тахассусӣ вобаста ба салоҳияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти умумӣ, гирифтани маълумот оид ба нақша, барномаҳои таълимӣ ва модулҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки аз ҷониби кишварҳои пешрафта истифода мешаванд ва таҷдиди назар кардани нақшаву барномаҳои таълимии омӯзгорон дар асоси талаботи тахассусӣ вобаста ба салоҳияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии омӯзгорон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур аз 16.04.2024 то 19.04.2024 идома меёбад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон