ТАҲИЯИ НАҚШАИ АМАЛИ МИЁНАМУҲЛАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ БАРОИ СОЛҲОИ 2024-2026 ДАР ДОИРАИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

19-09-2023
19 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ҷаласа оид ба таҳияи Нақшаи амали миёнамуҳлат дар соҳаи маориф барои солҳои 2024-2026 дар доираи амалишавии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, и.в. намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Самсон Чибада, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, коршиносони сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Ҷамшед Ҷӯразода аз ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ, махсусан, ЮНИСЕФ, изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки ҷонибҳо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маориф дар якҷоягӣ ба як қатор дастовардҳо ноил шудаанд. Муовини якуми вазири маориф ва илм афзуд, ки Нақшаи амали миёнамуҳлат дар соҳаи маориф барои солҳои 2024-2026 дар доираи амалишавии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 санади муҳим ва батанзимдарорандани самтҳои асосии фаъолияти соҳаи маориф ва илм дар солҳои 2024-2026 буда, таҳияи он бояд дар асоси стандартҳои байналмилалӣ сурат гирад.
Дар навбати худ Самсон Чибада изҳор дошт, ки тақвияти равобити дуҷониба дар соҳаи маориф дар оянда аз ҳадафҳои асосии ин созмон ба ҳисоб меравад ва умед аст, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба самараҳои интизор ба бор меорад.
Дар ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, амалигардонии стратегияву барномаҳои давлатӣ, фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ, афзоиши маблағгузории соҳаи маориф, чопи китобҳои дарсӣ ва илмию методӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон