ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИЮ СОҲАВӢ БА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

01-09-2021
1-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ сурат гирифт, ки дар он Матлубахон Сатториён-муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм ва як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. 
Нахуст муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Сатториён ҳозиринро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони соҳаи маориф ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо арзёбӣ мегардад.
Сипас, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи маориф Барисова Любов Ивановна-дотсенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия бо ордени “Дӯстӣ”, Абророва Моҳира Ҳамидуллоевна-омӯзгори литсейи инноватсионии “Душанбе”–и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Алиева Файзимо-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33–и ноҳияи Сино, Бердиев Шоҳназар Пирназарович-мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Гадозода Мирзомурод-дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Давлатзода Фариддун Шералӣ-дотсенти кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Иматзода Лутфия Маҳмадулло-директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Исломова Зебинисо Мадисмоновна-мудири шуъбаи дуюми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Каримзода Матлуба Латиф-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, Коробкина Вероника Вячеславовна-директори муассисаи ғайридавлатии “Мактаби империяи дониш”–и ноҳияи Шоҳмансур, Носирзода Муқаддас Носир-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, Одилбекова Лола Қиёбековна-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сафарзода Дилшод Ғанӣ-сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм, Сафарова Гулхоним Раҷабовна-муовини директори “Маркази таълимии занон “Сарвар”, Тошпӯлодов Маҳмадраҳим-омӯзгори литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Ҳасанова Райҳонгул Гадоиевна-омӯзгори литсейи инноватсионии “Душанбе”–и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Шарифов Мирзобек Мирзоевич-мудири кафедраи анатомия ва физиологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Шодиён Исматулло Раҳматуллозод-директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2021, №232 “Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ” ба Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи тахассусии Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳайдаров Фахриддин Наботович – сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Муҳиддинзода Қутбиддин Фозилдин – сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Расулзода Файзиддин Маҳмадраҷаб – сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи тахассусии Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи 3 дода шуд.
Дар идомаи чорабинӣ Шарипова Сурайё – мутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм, Сафаров Бахтиёр – мутахассиси барномаҳои компютерӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Сафаров Сангалӣ – мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, Адолати Қурбоналӣ – мутахассиси пешбари шуъбаи сифати таҳсилот бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Бахтовар Сафаров