СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ РАҲИМ САИДЗОДА ДАР ФОРУМИ СОЛОНАИ ШУРОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ИЛМ, ТЕХНОЛОГИЯ ВА ФАНОВАРӢ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

04-05-2023
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар 8-умин Форуми солонаи Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки аз 2-юм то 5-уми майи соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Америка таҳти унвони “Илм, технология ва фановарӣ барои шифоёбӣ аз бемории коронавирус (COVID-19) ва амалисозии нақша дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 дар ҳамаи сатҳҳо” баргузор гардида истодааст, саханронӣ намуд.
Раҳим Саидзода қайд кард, ки пандамияи ҷаҳонии COVID-19 тамоми кишварҳоро фаро гирифта буд, ки Тоҷикистон низ аз он истисно набуд. Дар ин раванд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани таъсири манфии пандемияи ҷаҳонӣ дар ҳама самтҳо, хусусан, дар соҳаи маориф ва илм корҳои мушаххас ва назаррас дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ ба анҷом расонида шуданд.
Ҷиҳати пешгирӣ аз эҳтимоли сар задани ҳолатҳои фавқуллодаи ҷаҳонӣ ва кам кардани таъсири он ба соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 қабул гардид, ки ҳадафи консепсияи мазкур роҳнамоӣ намудани амалисозии устувори рақамикунонӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар вазири маориф ва илмро сардори раёсати маориф ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати моариф ва илм Фаррух Худойдодзода ҳамроҳӣ намуда, вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони созмону кишварҳои гуногун дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон