ШИНОСОӢ БО РАФТИ БАРГУЗОРИИ СЕССИЯИ ИМТИҲОНИИ ТОБИСТОНА ВА АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ВОҚЕЪ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

25-05-2023
Тибқи дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ рӯзҳои 24-ум ва 25-уми майи соли равон бо раванди баргузории сессияи имтиҳонии тобистона ва аттестатсияи хатм дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов шинос шуданд.
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии зикргардида ҷиҳати омодагӣ ва баргузории сессияҳои имтиҳонӣ корҳои муайян ба анҷом расонида, баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ додаанд. Раванди баргузории сессияи имтиҳонӣ ва аттестатсияи хатмро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷониби кормандони раёсати таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илм бо масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии номбурда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф намудани баъзе аз камбудию норасоиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода шуд. Қайд гардид, ки рафти баргузории сессияи имтиҳонӣ ва аттестатсияи хатмро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва омехта, Низмономаи аттестатсияи хатми донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ғайра ба роҳ монанд.
Шиносӣ аз рафти баргузории сессияи имтиҳонӣ ва аттестатсияи хатм дар дигар муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон