СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

17-08-2022
17-уми августи соли ҷорӣ дар Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода семинари омӯзишию фаҳмондадиҳии директорону муовинони директор, омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, синфҳои ибтидоӣ ва таърихи мактабҳои Президентӣ, гимназияҳои ҷумҳуриявӣ ва литсей барои хонандагони болаёқат баргузор гардид. 
З. Абдулзода-муовини вазири маориф ва илм дар оғози маросим иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дар ин замина, омода намудани кадрҳои боистеъдод ва рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад. Имрӯз хонандагони тоҷик дар дилхоҳ озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат варзида, Парчами Тоҷикистонро бо ифтихор боло бардошта, дастовардҳои фаннию илмии замони соҳибистиқлолии кишвари азизамонро муаррифӣ менамоянд. Ин ҳама дастовардҳои хонандагони тоҷик, пеш аз ҳама, аз меҳнати арзанда ва садоқат ба касби интихобкардаи омӯзгорони муҳтарами мо шаҳодат медиҳад. Яке аз воситаҳои асосии баланд бардоштамни малакаи касбии омӯзгорон ин ташкили семинар, омӯзишҳо ва аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон мебошад, ки чорабинии имрӯзаи мо ба ҳамин мақсад равона гардидааст. 
Сипас, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён зикр кард, ки машварати омӯзишию фаҳмондадиҳии роҳбарон ва омӯзгорони мактабҳои Президентӣ, гимназияи ҷумҳуриявӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат тули 2 рӯз, яъне рӯзҳои 17-18-уми августи соли равон аз рӯйи 9 бахш баргузор мегардад. 
Бояд гуфт, ки семинари мазкур дар асоси нақшаи кории Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар муассисаҳои таълимӣ доир мегардад ва он дар самти такмил ва тақвияти ихтисоси иштирокдорон ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо омиле хубе хоҳад буд. 
Бахтовар Сафаров