СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ «УСУЛҲОИ ТАЪЛИФИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР САМТИ ИЛМҲОИ РИЁЗӢ, ДАҚИҚ ВА ТАБИӢ БАЙНИ МАГИСТРАНТОН, ДОКТОРАНТОН АЗ РӮЙИ ИХТИСОС (РНD) ВА УНВОНҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРӢ»

22-12-2023
22 декабри соли ҷорӣ тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷониби раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ семинари омӯзишӣ бо ҷалби магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (Рhd) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷиҳати амалишавии “Барномаи давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025»  баргузор гардид. 
Дар ҷаласа Ҷамшед Ҷӯразода-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (Рhd), унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. 
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз гардида, гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва илм сол то сол меафзояд. Аз ин ҷост, ки омодакунии ҷавонон ҷиҳати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зери назорати пайвастаи Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қарор дорад. 
Вобаста ба рушди илм, ҳамгироии он бо истеҳсолот, таъмини заминаҳои рушди инноватсионии иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои саноат ва ҷалби ҷавонон ба ин равандҳо дар кишварамон як қатор қонунҳо, стратегия, консепсия ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардида амалӣ шуда истодаанд. Дар ин самт қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи паркҳои технологӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ҳамчун санадҳои роҳнамо нақши ҳалкунандаи илмро дар рушди иқтисоди миллӣ таъмин месозанд. 
Ҳамзамон, дар кори семинари омӯзишӣ номзади илмҳои техникӣ Заррина Акрам дар мавзуи «Ҷанбаҳои назариявии таҳия ва иҷрои рисолаҳои илмӣ» ва номзади илмҳои техникӣ Яҳёев Ҷавод дар мавзуи «Моделсозӣ ва санҷиши дақиқияти натиҷаҳои таҷрибавии рисолаҳои илмӣ» маъруза намуданд.
Дар охир ба 100 нафар иштирокчиёни семинар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификат ва дигар маводди конселярӣ тақдим карда шуд. 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон