САНАДҲО ДАР САМТИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ТАҶДИД МЕШАВАНД

23-09-2022
23-юми сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба иҷрои бандҳои 3, 13, 14, 125, 134 ва 135-и Нақшаи миёнамуҳлати амал барои соли 2021-2023-и Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти таҳсилоти томактабӣ бо иштироки коршиносон ва мутахассисони самти таҳсилоти томактабӣ доир гардид. 
Дар рафти ҷаласа Стандарти омӯзиш ва рушди барвақтии кӯдак, лоиҳаи “Дастурамали маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи “Дастурамал оид ба ҷамъоварӣ ва истифодабарии маблағ барои нигоҳубини кӯдакон ва дигар манбаъҳои даромад дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ”, лоиҳаи “Ҷадвали басти воҳидҳои корӣ ва меъёрҳо оида ба муайян намудани ҳайати кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи “Дастурамали вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ” мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.