САММИТИ ТАҶДИДИ НАЗАРИ СОҲАИ МАОРИФ - 2022 БАРГУЗОР ГАРДИД

27-05-2022
27-уми майи соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Саммити таҷдиди назари соҳаи маориф - 2022 доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Алберто Бианколи, мутахассиси соҳаи маорифи ЮНЕСКО дар Осиёи Миёна Нурбек Телешалиев, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои ҷумҳурӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони вазорату идораҳо, коршиносон, таҳлилгарон ва шарикони рушд иштирок намуданд. 
Нахуст, Ҷ. Ҷӯразода-муовини якуми вазири маориф ва илм дар баромади худ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Ин аст, ки барои рушди соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 6 милиарду 304 миллиону 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 11,3 % зиёд мебошад.
-Раванди ислоҳоти соҳаи маориф рӯ ба низоми муайян оварда, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст. Бо мақсади рақамикунонии таҳсилоти умумӣ, ба вуҷуд овардани шароит барои таҳсилоти фосилавӣ, татбиқи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 иҷрои Нақшаи фаъолияти якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи Хазинаи Кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) барои солҳои 2021-2022 лоиҳаи “Харитаи роҳи рақамикунонии соҳаи маориф” дар муассисаҳои таълимии кишвар таҳия гардидааст. Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо компютер аз ҷониби Ҳукумати кишвар шурӯъ аз соли 2003 Барномаҳои давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007, 2007-2021 ва 2011-2015 амалӣ гардида, Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 мавриди амал қарор дорад. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷро намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии соҳаи маориф бо шарикони рушд як қатор корҳоро ба сомон расонида, дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо “Консепсияи харитаи роҳи рақамикунонии соҳаи маориф”-ро омода намуд, ки он дар марҳилаи ниҳоии қабул қарор дорад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолиятро дар иртибот ба Стратегияи миллии рушди маориф ва Ҳадафҳои рушди устувор муайян кардааст. Аз ҷумла, коркарди консепсияи таҳсилоти фарогир бо назардошти ба инобат гирифтани таҷрибаи байналмилалӣ, бо истифода аз усулҳои инноватсионии таҷдиди назар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ ва инклюзивӣ барномаҳои таълими курсҳои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ, омода намудани инфросохтори муассисаҳои таълимӣ ва дигар иқдомҳои зарурӣ тасдиқи он аст,-зикр кард муовини якуми вазири маориф ва илм. 
Сипас, аз ҷониби масъулини Вазорати маориф ва илм дар доираи панҷ самти афзалиятноки Саммит: маблағгузории соҳаи маориф, маҳорати касбии омӯзгорон ва нақши он дар таҳсилот, таҳсилоти рақамӣ ва рақамикунонии соҳаи маориф, муассисаҳои таълимии фарогир, бехатар, аз ҷиҳати иҷтимоӣ одилона ва солим ва таҳсил ва малакаҳои муҳим барои ҳаёт, шуғл ва рушди устувор маърӯзаҳо карда шуд. 
Ҳамзамон, аз ҷониби Алберто Бианколи - роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва Нурбек Телешалиев – мутахассиси соҳаи маорифи ЮНЕСКО дар Осиёи Миёна оид ба тавсифи мухтасар дар хусуси суръатбахшонии калидӣ дар самти ислоҳоти соҳаи маорифи ЮНЕСКО дар Осиёи Миёна баромадҳо пешниҳоди гардид ва баъд аз ин кор дар гурӯҳи корӣ барои коркарди пешниҳоду фикру мулоҳизаҳо ба Эъломияи миллии ӯҳдадориҳо дар доираи панҷ самти афзалиятноки Саммит сурат гирифт. 
Бахтовар САФАРОВ