РОҒУН – ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ КИШВАР

12-08-2022
Дар феҳристи корномаҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди НБО «Роғун» мақоми хоса дошта, дар марҳилаи муосири рушд омили калидии таъмини амнияти иқтисодӣ ва танзими шароит барои зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад. Таърих гувоҳ аст, ки татбиқи амалии ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистонро ба кишвари озоду обод ва гулгулшукуфон табдил дода, имрӯзҳо мо шоҳиди рушди воқеии он мебошем. 
Қобили қайд аст, ки дар давоми 25 соли охир, яъне баъд аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави ислоҳоту рушд ворид гардида, таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ марҳилаи бузурги рушдро сипарӣ намуд. Дар оғози татбиқи амалии ислоҳот ва барномаҳои давлатии соҳавӣ сатҳи камбизоатӣ коҳиш дода шуда, рушди фаросамтии иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ таъмин карда шуд. Дар ҳамин радиф эълони ҳадафҳои рушди миллӣ имконият дод, ки мушкилоти мубрами иқтисодиёти миллӣ ҳаллу фасл карда шуда, барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаҳо боэътимод фароҳам оварда шавад.
Татбиқи ҳадафи рушди миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар яке аз дастовардҳои нодири замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, зимнан бунёди неругоҳҳои хурду бузург дар тавсеаи инфрасохтори энергетикии кишвар нақши ҳалкунанда доранд. Дар ин миён мо метавонем оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди НБО «Роғун»-ро ба таври алоҳида таҳлилу баррасӣ намоем. 
Бояд эътироф намуд, ки дар чунин як марҳилаи душвори рушди иқтисодӣ, мавҷудияти падидаи буҳрони молиявӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мо тавонистем таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат корҳоро дар чунин як иншооти беназир оғоз намуда, ду чархаи онро ба истифода диҳем. Воқеан, ин дастоварди таърихие ба ҳисоб меравад, ки саҳми бузурги миллати тоҷикро дар истеҳсоли неруи сабз ва ҳифзи иқлими сайёра нишон медиҳад.
Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат ҳангоми ба истифода супоридани чархаи якум иброз намуданд: «Ба кор андохтани агрегати якуми неругоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».
Бунёди НБО «Роғун» яке аз дастовардҳои бузурги таърихӣ на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои башарият низ ба ҳисоб меравад. Зеро дар баробари аз нигоҳи техникиву сохтмонӣ нодир буданаш, аз ҷумлаи объектҳои боҳашамати офаридаи башар ба ҳисоб меравад. Аз рӯйи нишондиҳандаҳои тавсифдиҳандаи чунин иншоот НБО «Роғун» дар ҷаҳони муосир объекти нодир ба ҳисоб рафта, метавонад дар оянда на танҳо ҳамчун неругоҳи истеҳсолкунандаи энергеияи сабз, балки ҳамчун захираи рекреатсионӣ истифода шуда, таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб кунад.
Ёдовар мешавем, ки НБО «Роғун» шомили силсиланеругоҳҳое ба ҳисоб меравад, ки дар рудхонаи Вахш бунёд гардида, бо иқтидори 3600 МВт бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Неругоҳ дорои шаш чархаи гидроэлектрикӣ буда, бо турбинаҳои радиалӣ-меҳвар насб карда шуданд. Истеҳсоли миёнасолонаи неруи барқ дар НБО «Роғун» дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт / соатро ташкил хоҳад дод. Сарбанди неругоҳ бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди аз санг сохташуда дар ҷаҳони муосир хоҳад буд. Ҳаҷми обанбори неругоҳ 13,3 км3 ва ҳаҷми муфиди он 10,3 км³ ташкил медиҳад. 
Ҳамчунин, бунёди НБО «Роғун» дар рушди истеҳсоли энергияи сабз ва тавсеаи тавсеаи фаъолиятҳои сабз заминаи боэътимод мегузорад. Дар баробари ин НБО «Роғун» ҳамчун комплекси гуногунҳадаф баромад намуда, дар баробари тавлиди неруи барқ, ҳамчунин дар самти танзими ҳаракати об, коҳиши хатари обхезӣ ва пайдоиши хушксолӣ нақши бузург дорад.
НБО «Роғун» дар татбиқи ҳадафҳои рушди миллӣ, аз он ҷумла саноатикунонии босуръаи кишвар нақши бунёдӣ дорад. Суръати баланди бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак тавассути ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ аз ҷумлаи дастовардҳое ба ҳисоб меравад, ки ба мавҷудияти сарчашмаи боэъимоди неруи барқи арзон алоқаманд мебошад. Дар баробари ин, бо пурра ба истифода додани НБО «Роғун» Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз нигоҳи экологӣ тоза табдил ёфта, мавқому мавқеи худро дар иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон тақвият хоҳад дод. 
НБО «Роғун» дар марҳилаи муосири рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ омили калидии ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки дар пасманзари низоъҳои минтақавӣ, истифодаи бесобиқаи таҳримҳо ва густариши «ҷангҳои иқтисодӣ» бӯҳрони энергетикӣ ногузир хоҳад буд. Аллакай дар минтақаҳои алоҳида норасогии шадиди неруи барқ ба чашм расида, дар баробари ин тамоюли дасткашӣ аз неруи атомӣ ва истифодаи ангишти технологӣ барои истеҳсоли неруи барқ суръати бештар мегирад. Ҳамчунин, ширкатҳои бузурги саноатӣ ва фаромиллӣ низ вобаста ба ин стратегияҳои худро тағйир дода, ба кишварҳо рӯ оварда истодаанд, ки сарчашмаҳои боэътимоди энергияи сабз ва қувваи кории арзон дорад. Вобаста ба ин дар ояндаи назди НБО «Роғун» ҳамчун омили асосии ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак баромад хоҳад кард. 
Таҷриба ва дастоварҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони азизи моро бо қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи дурахшон бурда, барои пешрафт ва зиндагии шоиста заминаҳои боэътимод гузошта истодааст. Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи кишварҳои амн, ташабускори ҳалли мушкилоти глобалии обу энергетика ва масъалаҳои мубрами амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, бунёди НБО «Роғун» ҳамчун иншооти тақдирсози аср дар самти боз ҳам баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар омилӣ бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб рафта, ҳазорсолаҳо кафили рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум хоҳад буд.
 
ХАЙРЗОДА ШУКРУЛЛО ҚУРБОНАЛӢ,
МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,
ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ