РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТАҲИЯИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

11-05-2023
11-уми майи соли равон дар Муассисаи нашриявии “Маориф” дар асоси дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм доир ба амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”  ҷиҳати бо назардошти риояи қатъии қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат,  таҷдиди назар намудани  китобҳои дарсӣ семинар баргузор гардид. Дар он намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён,  мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, аъзоёни гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома бо китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Интитути забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ,  Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии  Муассисаи нашриявии “Маориф” иштирок доштанд. 
Нахуст семинарро директори муассисаи нашриявии “Маориф” Комил Исозода оғоз намуда, таъкид намуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо саривақтӣ ва амри зарурӣ аст.
Сипас сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён доир ба татбиқи Қонуни забон ва имлои забони тоҷикӣ суханронӣ карда, зикр кард, ки дар “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” (Душанбе, 2021) баъзе мушкилиҳо ва ғалатҳо, ки дар қоидаҳои пешинаи имлои забони тоҷикӣ роҳ ёфта буданд, ислоҳ карда шудаанд. Номбурда қайд кард, ки  ҳанӯз ҳам ҳолатҳои ба пуррагӣ риоя нагардидани қоидаҳои имло дар забони матбуот ва нашрияҳои ватанӣ, хусусан, дар самти коргузорӣ дар муассисаву корхонаҳо  ба назар мерасанд. 
Дар идома доир ба тарзи навишти дурусти баъзе вожаҳои забони тоҷикӣ миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки иштирокдорон нуктаи назари худро метавонанд доир ба такмилу беҳтар намудани луғати имло ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод намоянд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон