РӮДАКӢ: МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №46-И ДЕҲАИ МЕҲТАРӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

14-10-2021
14-уми октябри соли равон дар деҳаи Меҳтарии ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Собирзода, муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ М. Бобошоҳзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» У. Воҳидзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Д. Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ С. Сафаров, сокинон, омӯзгорон ва хонандагони деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 ба истифода дода шуд. 
Зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки муассиса дорои 264 ҷойи нишаст буда, аз 10 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории директор ва омӯзгорон иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Фонди Саудии Рушд аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» бо маблағи 2 миллиону 720 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Бинокор-К” бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамзамон, дар саҳни муассиса вохӯрии меҳмонон бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа доир гардид. Зимни суҳбат М. Бобошоҳзода - муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ зикр кард, ки дар ноҳия ба пешрафти соҳаи маориф, сохтмону таъмир ва мустаҳкам кардани пояи моддию техникии таълимгоҳҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ биноҳои зиёди таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ёфтанд, ки то андозае ба бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат намуд. 
Дар охир, сокинони деҳаи Меҳтарӣ низ бо истифода аз фурсати муносиб сипосу миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ҷиҳати бунёди муассисаи таълимии наву замонавӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоиди таълимӣ баён карданд.