Рамзи шинохти миллат

22-11-2018
Баробари расидан ба истиқлолият масъалаи аз нав тартиб додани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонн ба миён омад. Зеро рамзҳои қаблии ҷумҳурӣ сохти давлати Шӯравиро ифода мекарданд.
Аз ин рӯ, комиссияи махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ ташкил карда шуд. Барои таҳияи шакли Парчам озмуни ҷумҳуриявӣ эълон ва баъди ҷамъбасти озмун тарҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тасдиқ гардид.
Дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтаанд. Ҷанбаи ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ мебошанд. Эҳтироми Парчам ҳамчун муқаддасот ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, муқаррар гардидааст, ки дар ҳама ҳолат ба Парчам бояд тарзе муносибат кард, ки нисбат ба он беэҳтиромӣ зоҳир нагардад. Бо мақсади эҳтиром доштан ба арзишҳои миллӣ ва рӯ овардан ба ин арзишҳо соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки мувофиқи он ҳар сол 24 ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Парчам моро баҳри ҳаёти орому осуда, сулҳу субот ва зиндагии арзанда ҳидоят менамояд. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муққаддаси ватани соҳибистиқлол, вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад. 
Ҷӯрахонзода Масрур Ҷӯрахон,
судяи суди ноҳияи Шоҳмансур
Масъулини саҳифапайванд
Абдурауф Муродӣ,
Насриддин Охунзода,
«Омӯзгор»