РАИСИ ШУРОИ РЕКТОРОНИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ УНВОНИ ФАХРӢ ГАРДИД

16-04-2024
Дар доираи баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар пояи Донишгоҳи давлатии иқтисоди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд, раиси Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ бо унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон интихоб гардид. 
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд зимни супоридани дипломи профессори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус (манти)-и узви ифтихории Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд қайд намуд, ки профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ барои саҳми босазояш дар рушди ҳамкориҳои илмиву таълимӣ бо чунин унвон сазовор шуд.