ПАЁМИ ТАБРИКИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲИМ САИДЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР

07-03-2024
Модарони азиз!
Муҳтарам бонувони соҳаи маориф!
Ҷашни фархундаву фараҳбахши Рўзи Модар ва фарорасии фасли зебои сол - баҳори нозанинро ба шумо табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям. Бигзор, ки кошонаи зиндагии шумо аз офтоби ишқу муҳаббат ва саодату садоқат ҳамеша гарму рӯшан бошад.
Зан-Модар натанҳо идомадиҳандаи насли башарият, балки сафобахши рӯзгор ва рӯшангари фардои ҷомеа аст. Абармардони бузург, ки дар таҳаввулу пешрафти зиндагии аҳли башар саҳми босазо гузоштаанд, маҳз дар домони модар ба воя расидаанд. Аз ин ҷост, ки мегӯянд: “Зан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар Заминро меҷунбонад”. Воқеан ҳамин бузургии Модар аст, ки зиндагиро рӯҳ мебахшад ва дар вуҷуди ҳар як фард ишқу муҳаббат, садоқат, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ ва ҳисси дӯстдории меҳанро ба вуҷуд меорад. Модар аст, ки шабу рӯз бо заҳматҳои пайваста дар ниҳоди фарзанд ҳисси волои муҳаббат ва садоқат ба зодбумро ҷой мекунад, то ки ӯ тавонад бо заковату хираду андешаи худ номбардори Ватан бошад.
Имрӯз пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иҷтисодии кишвар ба бонувон вобастагии зиёд дорад. Бонувони тоҷик тавонистанд, ки дар баробари тарбияи насли наврасу ояндасоз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми арзандаи худро гузоранд ва ҳамчун омӯзгору табиб, муҳандису варзишгар ва ҳунарманду сиёсатмадор дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намоянд. Заҳматҳои бонувон натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, боис ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ гардидааст.
Бо дарки амиқи натиҷаҳои заҳматҳои шабонарӯзии бонувони тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро «нигини пурҷилои тоҷи миллат» унвон намудаанд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат ба неруи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, дар баланд бардоштани мавқеи онҳо ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти маданӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ бо таваҷҷуҳ ба мавқеи бонувон ва саҳми онҳо дар зиндагии рӯзмарра қайд намуданд, ки “нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”. Чунин арзёбӣ намудани нақши бонувон аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва пеш аз ҳама, Пешвои муаззами миллат нисбат ба бонувон дарак медиҳад.
Боиси хушнудист, ки айни замон қисми зиёди кормандони соҳаи маориф ва илмро бонувон ташкил дода, дар тарбияи насли наврас аз кӯдакистон то муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақши онҳо назаррас аст. Таърихи пурғановати миллати тоҷик бозгӯкунандаи он аст, ки модари тоҷик тавонистааст дар тӯли асрҳо ҳазорон фарзандони бо нангу номус, хирадманду донишвар ва сиёсатмадорро тарбия намояд. Ин анъанаи таърихии модари тоҷик имрӯз ҳам дар ҳаёти фардӣ ва ҳам дар низоми маорифи кишвар идома ёфта истодааст. Имрӯз фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик дар арсаҳои гуногуни давлатдорӣ адои хизмат намуда, пояҳои давлатдории миллии тоҷиконро рӯз то рӯз мустаҳкам намуда истодаанд.
Албатта, маҳз модари босаводу донишманд метавонад фарзандони оқилро ба воя расонад. Аз ин рӯст, ки Президенти мамлакат барои илмомӯзии занону духтарон тамоми шароитро фароҳам овардаанд, то занону бонувони кишвар, онҳое, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми бузург доранд ва онҳое, ки бори вазнини таълиму тарбияро бар дӯш гирифтаанд, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ҷомеаву давлат душворӣ накашанд.
Модарону хоҳарони гиромӣ!
Дар ниҳоди Шумо намоди беҳтарин Зан-Модари тоҷик, бонуи муваффақи Машриқзамин таҷассум ёфтааст. Шумо ватандӯсту накукору худшиноси ҳақиқӣ ва соҳибмаърифату қавиирода ҳастед ва дар сурату сирати хеш беҳтарин хислатҳои зани тоҷикро мунъакис намудаед.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки бонувони арҷманди мо дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои хушбинонаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат минбаъд боз ҳам бештар саҳмгузор мешаванд.
Бори дигар ҷашни фархундаву пуршукӯҳи Рӯзи Модарро ба шумо – модарон ва бонувони арҷманд табрик гуфта, бароятон хушбахтиву саодатмандӣ таманно менамоям.
Ид муборак, модарону хоҳарони азиз!