ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ АЗ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ ОҒОЗ ГАРДИД

26-05-2022
26-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ оғоз гардид, ки дар он 280 нафар донишҷӯ аз 67 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ сабқат менамоянд. 
Озмуни мазкур аз рӯйи фанҳои физика, химия, биология, математика ва информатика гузаронида мешавад.
Дар маросими ифтитоҳии озмун муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, масъулини дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, директорон ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ширкат намуданд. 
Нахуст, Л.Абдухолиқзода-муовини вазир зимни баромади худ иброз дошт, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаву ҳадафҳо ва барномаву стратегияҳои Роҳбарияти олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди маориф ва илм, бахшида ба солҳои 2020-2040-“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва аз ҷониби дигар, дарёфт ва муаррифии беҳтарин донишҷӯёни донишманду боистеъдод ва намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат маҳсуб меёбад. Дар идомаи суханронии худ муовини вазир таъкид кард, ки масъулин ҷараёни баргузории озмунро таҳти назорати ҷиддӣ гиранд, то беҳтаринҳо сазовори ҷой ва ҷоизаву туҳфаҳои хотиравии озмун гарданд. Мавсуф, ҳамзамон, ба тамоми иштирокчиёни озмун комёбиву муваффақиятҳо таманно намуд.
Сипас, Ҷалолиддин Амиров-сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вазорат ҳозиринро бо муҳтавои барномаи озмун ва тартиби баргузории он ба таври мухтасар шинос намуда, донишҷӯён вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон медиҳанд. 
Ёдовар мешавем, ки натиҷаи озмун ва қадрдонии ғолибон санаи 27-уми май дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова сурат мегирад. 
БАХТОВАР САФАРОВ