ОЗМУН БАРОИ СОҲИБ ШУДАН БА АТТЕСТАТИ АЪЛОИ УНИВЕРСАЛӢ ВА РАВИЯВӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА ОҒОЗ ГАРДИД

21-07-2022
21-уми июли соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе озмун миёни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ барои соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра оғоз ёфт.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Зиёратшо Назрулозода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён ва довталабони озмун ширкат доштанд.
Нахуст, Р. Саидзода-вазири маориф ва илм зимни суҳбат бо довталабон қайд намуд, ки яке аз ҳадафҳои пешгирифтаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дар ин замина, омода намудани кадрҳои боистеъдод ва рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад. Ҳамасола аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта барои иштирок дар озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра довталабон пешниҳод карда мешаванд.
-Натиҷаи ҷамъбасти панҷ соли охири озмуни мазкур нишон дод, ки хатмкунандагони лаёқатманду сазовар ба медали тилло ва нуқра рӯ ба афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 2017 8 нафар хатмкунанда соҳиби медали тилло ва нуқра гардида бошад, пас ин шумора дар соли 2021 ба 53 нафар расидааст,-таъкид дошт вазири маориф ва илм.
Бояд қайд намуд, ки соли равон аз тарафи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 144 нафар довталаб ба озмуни аттестати аълои равияи универсалӣ, табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра пешниҳод гардидаанд, ки аз ин шумора 45 нафари онҳо (5 нафар аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 11 нафар аттестати аъло бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 26 нафар аттестати аъло бо медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ ва 3 нафар аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ) барои иштирок дар озмуни мазкур роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар озмуни мазкур аз шаҳри Душанбе 21 нафар, аз вилояти Хатлон 10 нафар, аз вилояти Суғд 10 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 нафар иштирок менамоянд. Боиси таассуф аст, ки аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Шаҳринав ва минтақаи Рашт ҳуҷҷати ягон нафар довталаб ба озмун пешниҳод нашудааст.
Баъд аз маросими ифтитоҳӣ довталабон ба гурӯҳҳо ҷудо гардиданд ва давоми рӯз вобаста ба равияҳо иншо ва кори хаттӣ месупоранд. Озмуни тестӣ вобаста ба равияҳо пагоҳ сурат гирифта, натиҷаи он рӯзи 23-юми июл эълон мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки маъмурияти аксари муассисаҳои таълимӣ дар пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра ба саҳлангорӣ роҳ дода, ҳуҷҷатҳоро бар хилофи Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои давлатии махсус ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо аз 28.03.2020, №4/4 пешниҳод менамоянд, ки дар натиҷа хатмкардагон аз комиссияи Вазорати маориф ва илм намегузаранд. Мутассифона, аз ҷониби комиссияи экспертӣ дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаи имсола низ камбудиҳои зиёд ба қайд гирифта шуданд.
 
Бахтовар Сафаров