ОҒОЗИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023”

22-06-2023
22 июни соли ҷорӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” миёни довталабон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оғоз гардид.
Дар рафти озмун довталабон аз маҳорату малакаи дар раванди фаъолияти хеш андӯхтаашон маърӯза ва видеороликҳо таҳия намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати ҳакамон саволу супоришҳои мушаххас ба довталабон дода шуд, то аз маҳорату дониши онҳо дар ин самт огаҳӣ пайдо кунанд. Ҳайати ҳакамон аз рафти озмун натиҷагирӣ карда, дар асоси талаботи Низомномаи озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” ғолибони даври минтақавиро дар рӯзҳои наздик эълон хоҳанд кард.
Мақсад аз баргузории озмун дарёфт намудани мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами онҳо дар муассисаҳои томактабӣ мебошад.
Ҳамасола се даври озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон” доир гардида, даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мешавад.





Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон