ОҒОЗИ БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

16-05-2023
16 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор...» бахшида ба “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф” оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳии олимпиада Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, Сайдулло Қувватзода – намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Абдухолиқзода – муовини вазири маориф ва илм, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, донишҷӯён ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷорабинӣ Раҳим Саидзода донишҷӯён-иштирокчиёни олимпиадаро табрик намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташкил ва сарпарастии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” барои баланд бардоштани завқи ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа нисбати илму маърифатандӯзӣ, китобхонӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии онҳо саҳми муносиб гузоштаанд.
- Ҳадафи баргузории олимпиада байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва парвариши минбаъдаи онҳо дар самтҳои гуногуни илм мебошад, - гуфт вазир.
Сипас Сайдулло Қувватзода қайд кард, ки ба ғолибони олимпиадаи мазкур барои дохилшавӣ ба зинаи магистратура ва PhD имтиёзҳо бояд дода шавад, то ин ки ҷавонони қобилиятнок имкони идомаи таҳсилро дошта бошанд ва дар баробари ин, дар рушди илми тоҷик ва амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳм гузоранд.
Дар идома Гулзода Маҳмадшо – раиси Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иброз дошт, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ меҳвари асосии илми кишвар маҳсуб меёбанд.
Дар охир Мирзозода Наврӯз – сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм иштирокчиёни олимпиадаро бо тартиби баргузории он ошно намуда, ҷараёни олимпиадаро бо тартиб аз рӯи муқаррароти пешбинишуда ба самъи онҳо расонд.
Бояд тазаккур дод, ки дар олимпиадаи мазкур аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 438 нафар донишҷӯён дар ду бахш: бахши илмҳои гуманитарӣ ва бахши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва табиатшиносӣ аз рӯйи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисод ва технологияҳои иттилоотӣ ба тариқи тестӣ ва бо иншои эссе бо ҳам сабқат менамоянд.
Олимпиадаи мазкур ду рӯз идома намуда, натиҷаи он рӯзи 17.05.2023 эълон карда мешавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Ҷумҳурии Тоҷикистон