ОҒОЗИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ - ГУМАНИТАРӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 5-6

06-05-2023
6 майи соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Нахуст Зиёдулло Абдулзода иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок пазируфта шудааст. Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди ҳаракати олимпӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои боистеъдод барои бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад. Имрӯз дар олимпиадаи мазкур хонандагоне роҳхат гирифтаанд, ки миёни ҳамсолони худ дар фанҳои алоҳида беҳтаринҳо ба шумор мераванд.
Сипас, вобаста ба суолҳои иштирокчиён директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён баромад карда, хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд.
Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, донишу маҳорати худро нишон дода истодаанд.
Дар олимпиадаи мазкур 850 нафар хонандагони синфҳои 5-6 аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони русӣ, забони давлатӣ, забони англисӣ, таърих) иштирок намуда истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароғати иштирокчиёни олимпиада, тибқи барномаи таҳияшуда намоиши чорабинии фарҳангӣ барои наврасон аз тарафи коллективи театри ҷумҳуриявии “Лӯхтак” дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.Натиҷаи олимпиада санаи 7 май эълон мегардад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон