ОМӮЗГОРОН РАҲНАМОЁНИ АҲЛИ ҶОМЕААНД (Нуктаҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи омӯзгор)

16-03-2024
Сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, аҳли маорифи кишвар ва устодону омӯзгорон содиқона ҷонибдорӣ карда, барои тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат ва раванди рушди босубот саҳми назарраси худро гузоштанд ва гузошта истодаанд.
***
Омӯзгорон гурӯҳи пурнуфузе мебошанд, ки рисолати мафкурасозии миллат ва ҷомеа, босаводу соҳибмаърифат гардонидани наслҳои наврас ва барои кишвар ба камол расонидани кадрҳои ояндасоз ба дӯши онҳо вогузор шудааст. Аз ин хотир, мо минбаъд низ барои тақвияти мақоми омӯзгорон дар ҷомеа чораҷӯӣ мекунем.
***
Омӯзгорони мо бояд меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшанд, барои омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳангу санъати гузаштаву муосир, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ зиёдтар талош намоянд, ба хонандагону донишҷӯён арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро дуруст шарҳ диҳанд, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демокративу дунявӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
***
Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд.
***
Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд.
***
Омӯзгори имрӯза бояд барои аз худ кардани воситаҳои техникии навтарини таълим, ба монанди технологияҳои шабакавӣ, китобхонаи электронӣ ва монанди инҳо кӯшиш намояд ва дар ҷараёни таълим аз ин воситаҳо самаранок истифода барад.
***
Омӯзгори асилро зарур аст, ки ҳастии худро ба донишандӯзии фарзандони халқ сарф намояд, онҳоро мисли нури чашми хеш азиз донад, барои босавод, бомаърифат, соҳибҳунар ва соҳибкасб шудани шогирдон заҳмат кашад ва бо ин восита инсони комилро ба воя расонад. Чунин масъулият омӯзгорро обрӯманд, боэҳтиром ва соҳибқадр гардонида, мақомашро дар ҷамъият боло мебардорад.
***
Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд.
***
Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
***
Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.