ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК БО НИШОНИ АЪЛОЧИИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ТОҶИКИСТОН САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

16-04-2024
16-уми апрели соли ҷорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид, ки дар он Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовини вазири маориф ва илм Абдулхолиқзода Лутфия, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, раиси Комиссияи олии атестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин, олимону академикон, номзадону унвонҷуён ва дигар кормандони соҳаи илму маориф иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои вазорату идораҳои давлатӣ барои беҳтар намудани омӯзишу татбиқи дастовардҳои олимони тоҷик дар амал, ихтироъкориву навоварӣ, зиёд намудани теъдоди олимони дорои унвону дараҷаҳои илмӣ, пайваст намудани илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани мақоми илму маорифи миллӣ ва дастгирии омӯзгорону олимони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм як қатор олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои хизматҳои шоён дар пешрафти илму маорифи миллӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
ҶумҳурииТоҷикистон