ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ҶУМҲУРИИ АДИГЕЯ

16-03-2024
Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 4 нафар хонанда дар 9-умин Олимпиадаи байналмилалии Қафқоз «CMO-2024» аз фанни математика, ки рӯзҳои 11-16 марти соли 2024 дар шаҳри Майкопи Ҷумҳурии Адигея баргузор гардид, сафарбар карда шуда, сазовори як ҷойи II, як ҷойи III ва ду ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
– Душанов Азамат – хонандаи синфи 11 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи II
– Тухтаров Олимҷон – хонандаи синфи 9 филиали Муассисаи таълимии хусусии «Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам  ва ПВ»-и шаҳри Ҳисор сазовори ҷойи III
– Дадохоҷаев Акобир – хонандаи синфи 10 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ-мактаби хусусии «О.Ҷӯраев» дар шаҳри Конибодом сазовори ҷойи ифтихорӣ
– Соҳибназаров Фарҳод – хонандаи синфи 9 филиали Муассисаи таълимии хусусии «Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ»-и шаҳри Ҳисор сазовори ҷойи ифтихорӣ
Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон