Об асту ҳаёт пойдор аст

09-08-2018
Об боигарии миллии мо буда, моҳият, аҳамият, арзиш ва истифодаи босамару оқилонаи он дар асноди меъ-ёриву ҳуқуқии кишварамон дарҷ гардидааст. 
Аз ҷумла, дар моддаи 13,  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:  «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».
Об  яке аз чор унсури муҳимми табиат дар радифи хоку боду оташ буда, асоси пойдории оламу одам мебошад. 
Олими рус Б.К.Терлитский гуфтааст:   «Об -  ин ҳақиқатан ҳам роҳбалади маданият аст. Ин ҳамон хуни зинда аст, ки дар як ҷойи хушку холӣ ҳаётро офарид». 
Тоза нигоҳ доштану муқаддас шумурдан ва қимат донистани ҳар қатраи об қарзи ҳар як инсони комилу оқил аст.  Зеро об на танҳо муҷиби ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастӣ низ мебошад. Миллати тоҷик аз қадим обро қадр мекард, онро сарвати бебаҳои табиат ва муъҷизаи олам дониста,  арҷ мегузошт,  эҳтиром ва тараннум мекард.
Об ба хотири он нуфузе, ки дар оғозу таърихи офариниш, сабзишу нумӯи олами наботот, зиндагии ҳайвонот ва ҳаёти инсоният дорад, чӣ дар тасаввуроти мардуми одӣ ва чӣ дар фаҳмиши адёни гуногун, ба монанди Зардуштия, Яҳудия, Буддоия, Масеҳия ва Ислом ба сифати як муъҷизаи осмонӣ ва баёнгари қудрати илоҳӣ, чун ашёи муқаддас, ҳаётбахш ва поксозии инсон мақоми бузургеро соҳиб гардидааст. 
Дар   китоби муқаддаси - «Авесто» мақоми об дар зиндагии инсон хеле равшан баён гардидааст.
Дар «Қуръон» низ   об дар сайри офариниш мартабаи муҳиму бузургро доро мебошад. Дар китоби «ТаърихиТабарӣ»-и А. Балъамӣ омадааст: «Пас Худои азза ва ҷала…олам ҳама яксар аз об офарид. Баъд аз он ки осмон аз об офарида шуд, оби зери осмон аз ҳафт ҷой биҷӯшид ва каф баровард…ва аз он кафи дарё заминро офарид. Ва аз ин ба баъд кори замин ҳамеша пайваста ба об аст…».    
 Мақоми об дар осори динӣ ва мазҳабии дигар халқҳо, аз ҷумла, дар китобҳои муқаддаси «Таврот», «Забур» ва «Инҷил» низ ба таври возеҳ баён гардидааст.  
Агар ба сафҳаҳои адабиёти пурғановати тоҷик назар афканем, мебинем, ки ба мавзӯи об ҳанӯз поягузори назми тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Бӯи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме, Реги Омӯву дуруштиҳои ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме…) таваҷҷуҳ намуда, ин падидаи нек дар ашъори Фирдавсӣ,  Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдӣ, Соиб, Ҳофиз, Камол, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Бедил, Сайидо ва дигарон мавриди ситоиши бештаре қарор гирифтааст. Мавзӯи обу ободонӣ дар адабиёти маорифпарварӣ, ки тасвиру гузориши масоили иҷтимоӣ ва сиёсии замонаро мақсади худ қарор дода буд, боз ҳам мавқеи калон пайдо намуда, ба сифати як омили муҳими иқтисодии мамлакат ва сиҳатии омма қаламдод мешавад. Шоирони номвар, чун Аҳмади Дониш, С. Аҷзӣ, Т. Асирӣ, М. Сироҷ бо тасвирҳои зебо мавзӯи зарурати аз об истифодаи самаранок кардан, бо оби тоза таъмин будан, бо об шодоб намудани дашту даманро ба миён гузоштанд. Дар осори адибони замони Шӯравӣ мавзӯъҳои ба об ва истифодаи босамари он боз ҳам идома ва рушд намуд. Акнун об, истифодаи он бо рушду нумӯи Тоҷикистон иртиботи қавӣ гирифта, обу чашма, рӯду наҳрҳо бо маъниҳои Ватан ва кишвар омехта гардид. Шуарои ин замон дар ашъори худ ҳамеша кушодани каналҳо, омадани об ба даштҳои бекорхобида, сохтмонҳои неругоҳҳо, афзудани маҳсулот, бунёди боғотро ба риштаи тасвир мекашиданд.
 Имрӯз аксар обҳои табиии ин ё он гӯшаи Тоҷикистони азизамон, ки хусусияти табобатӣ низ доранд, дар зарфҳои пластикиву шишагин, чун воситаи беҳамтову судманди ташнашикан ба фурӯш бароварда мешавад. Устоди калом  Бозор Собир доир ба оби маъдании «Файзобод», ки хусусиятҳои табобатии зиёд дорад, гуфтааст:
Ин об, ки дар шишаи
«Файзобод» аст,
Аркони вуҷуди мо аз он обод 
аст.
Ин об на оби ҷӯи Файзобод 
аст,
Обест, ки обрӯи Файзобод 
аст.
Аз оби ҳазор чашмаи назру 
ниёз,
Ин об кунад умри туро
дурудароз.
Бояд қайд намуд, ки яке аз омилҳои муҳимтарини фаъолияти олами ҳайвоноту наботот оби ошомиданист. 
Чунонки маълум аст, имрӯз аз ҳар даҳ сокини олам чор нафар мунтазам аз беобӣ ё камбудии об азият мекашад. Мувофиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ оби тозае, ки барои инсон қобили истеъмол аст, ҳамагӣ як фоизи тамоми захираҳои оби сайёраи моро ташкил медиҳад. Илова бар ин, аҳолии сайёра бо суръат меафзояд ва бо он микдори захираҳои об, ки имрӯз мавҷуд аст, инсоният наметавонад худро бо оби нӯшокӣ пурра таъмин намояд. Аз ин лиҳоз, ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо солҳои охир барои наҷоти аҳли башар аҳамияти бештаре пайдо кардааст. 
Файзулло Наҷмиддинов,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод