НОБИҒАҲОИ НАВРАС: 10 НАФАР ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН ГАШТАНД

13-01-2024
Имрӯз, 13 январ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бистумин Олимпиадаи ҷашнии Жаутиков (IZhO-2024) ҷамъбаст ва ғолибони олимпиадаи байналмиллалӣ дар соли 2024 маълум гардиданд. 
Боиси ифтихор аст, ки дар даври ниҳоии озмун аз байни 600 нафар иштирокчӣ аз 16 кишвар дар  қатори дигар ғолибон номи 10 нафар хонандагони тоҷик низ садо дода, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари пешсаф дар илмҳои дақиқ муаррифӣ гашт. 
Бояд тазаккур дод, ки Олимпиадаи мазкур 20 сол боз ҳамасола аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор карда шуда, дар давоми чанд соле, ки хонадагони тоҷик дар он ширкат меварзанд, ғалабаи 10 нафар натиҷаи беназир аст. 
Чунин дастовард на танҳо нуфузи низоми маорифи кишварро баланд мебардорад, балки аз иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳимми илмию маърифатии байналмилалӣ огоҳӣ медиҳад.

Маркази ҷумҳуриявии дарёфт
ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон