НАФАСИ ТОЗАИ НАВРӮЗ МУБОРАК БОШАД! (Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз)

20-03-2024
Омӯзгорони азиз ва шогирдони гиромӣ!
Муҳтарам аҳли маорифи кишвар!
Дар диёри нозанину фирдавсгуни мо боз фасли баҳор, фасли зебою дилрабо ва гулрезу мушкбез фаро расида, ба ҳамагон шодию нишот, фараҳмандию руҳбаландӣ эҳдо кардааст. Дар доираи ин фасли фархунда яке аз суннатҳои дерини халқи тоҷик – Наврӯзи оламафрӯз бо шукӯҳу тантана таҷлил мешавад. Наврӯз бостонитарин ҷашни ниёгони мост ва пеш аз ҳама, бо ҳусну тароват, ростию покизагӣ, дӯстию ваҳдат, нуру сафо ва бахту саодат иртиботманд аст. Бо фарорасияш ин ҷашни ҳумоюн кинаю адоватро аз замири ҳамагон дур мекунад ва меҳру муҳаббат, хайру саховат, меҳрубонию шафқатро афзун менамояд. Ҷашни Наврӯз тантанаи эҳёи табиат, оғози марҳалаи тозаи зиндагӣ ва шуруъ ба корҳои кишоварзист ва бо даррасидани он «олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд». Ба таъкиди донишманди бузурги халқи тоҷик Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чи аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз, ҳама ҷашн ва шодмониҳост».
Саргузашти Наврӯзи беш аз шашҳазорсолаи мо дар дарозои таърих басо пуршебу фароз буда, ин муътабартарин анъанаи ниёгонамон дар давоми асрҳо монеаҳои зиёдеро бартараф карда, ҷилою тобишу аҳамияту моҳияташро заррае ҳам коҳиш надода, то ба замони мо расидааст.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дар иртибот ба сиёсати хирадмандонаю маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар диёри арҷмандамон шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва оммавитар гашт. Пешвои миллат дар қатори дигар расму анъанаҳои хуҷастаи ниёгон ба эҳёи Наврӯз таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд ва бо ҳисси баланди меҳанпарастона иброз доштанд, ки «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят, Ватан будааст».
Бо пешниҳод ва ҷидду ҷаҳди Сарвари кишвари мо соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард, яъне ин ҷашни куҳанбунёду фаррухниҳоди тоҷикон мақоми ҷаҳонӣ дарёфт ва ҳамакнун чаҳордаҳ сол мешавад, ки он дар саросари олам ботантана таҷлил гардад ва дар тамоми мамолики олам номи тоҷикона дорад: Наврӯз.
Акнун ба шарофати Наврӯз робитаву муносибатҳои фарҳангӣ ва ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо пайваста тақвият меёбад, сулҳу дӯстӣ, рафоқату ҳамдилӣ бештар тантана мекунад ва барои рушди рӯзафзуни тамаддуни башарӣ имкони фаровон фароҳам меояд. Боиси ифтихори мост, ки ҳам суханварони пешини халқи тоҷик ва ҳам аҳли адаби имрӯзаи миллат бо камоли истеъдод ва меҳру садоқат Наврӯзи накуфолро ситоиш кардаю дар ин мавзуъ асарҳои барҷаста офаридаанд. «Наврӯзнома»-и Умари Хайём дар саросари дунё машҳур аст ва моҳияту мақому мартабаи ин хуҷастаҷашнро дар сатҳи баланд тавзеҳ мебахшад. Адабиёти муосири тоҷик низ наврӯзномаю баҳорияҳои зиёдеро фаро мегирад. Дар бисёр маҳфилҳои наврӯзӣ, аз ҷумла, қитъаи зер муассиру хушоянд садо медиҳад:

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Ҳама дар пераҳани Наврӯз аст,
Ҳар куҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Мо ифтихор аз он низ дорем, ки соҳаи маориф ва илми кишвар аз Наврӯз то Наврӯз мунтазам ва бомаром пеш меравад, рушду такомул меёбад, мушкилоти соҳа гиреҳкушоӣ мешаванд ва фаъолияти кормандони тамоми сохторҳои соҳа вусъат мепазираду батадриҷ мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мегардад. Бештар аз ҳама, он нукта муҳим аст, ки раванди таҳкими сатҳу сифати таълиму тарбия неруи тоза дармеёбад ва дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ афзун мешавад. Шогирдони таълимгоҳҳои мамлакат дар озмунҳои зиёди бонуфузи ватанию хориҷӣ вобаста ба фанҳои гуногун ширкат варзида, ба комёбиҳо шарафёб мегарданд. Танҳо дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ибтикори Пешвои миллат роҳандозӣ шудааст, ҳамасола беш аз 300 000 нафар довталабон ширкат меварзанд ва гурӯҳи калонашон ҷоизаҳо ба даст меоранд. Дар самти таҳия ва нашри барномаю дастурҳои нави таълимӣ, китобҳои насли нав ва асару рисолаҳои илмию таълимию тарбиявӣ низ корҳои зиёде сомон бахшида шуданд. Вобаста ба ин, мушоҳида мешавад, ки масъулиятмандию эҷодкорӣ ва муносибати ҷиддӣ ба тақдири насли наврас миёни аҳли таълиму тарбия хеле вусъат ёфтааст ва ҳамчунин, робитаи аҳли ҷомеа ба мактабу маориф пурсамартар гардидааст. Ин ҷо, албатта, омили асосӣ ва таконбахш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳсуб мешавад.
Солҳои ахир дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ вусъат пайдо кардааст. Аз ҷумла, дар саросари мамлакат иншооти нави соҳаи маориф, биноҳои нави мактабҳо, синфхонаҳои иловагӣ бунёд мешаванд ва бо таҷҳизоти навтарин таъмин мегарданд. Ин раванд давра ба давра вусъат меёбад.
Ҳафтаи гузашта Сарвари кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёди бинои нави Вазорати маориф ва илм оғоз бахшиданд, ки ин зуҳуроти нави ғамхорию таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ нисбат ба соҳаи маориф мебошад. Ин бино хеле зебою пуршукӯҳ ва иборат аз ҳаждаҳ ошёна хоҳад буд.
Ҳоло соҳаи маориф ва илми мамлакат ба марҳалаи тозаи рушд ворид гаштааст ва бовар дорем, ки аз файзу баракати Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ин марҳала боз ҳам суръату вусъати тоза пайдо мекунад.
Наврӯзи навини Ватани азизамонро бо нишоту шодмонӣ истиқбол гирифта, орзу мекунем, ки он диёри зарнисори моро боз ҳам шукуфотару зеботар, шукӯҳмандтару дилработар созад ва ба комёбиҳои нав бирасонад. Тамоми ҳамдиёрони муҳтарам ва хосатан, аҳли маорифу илмро ба ифтихори фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ самимона табрику таҳният мегӯям ва таманнои онро дорам, ки дар ҳар манзилу хонадон бахту саодат, сулҳу салоҳ, дӯстию ҳамдилӣ ва файзу баракат ҳукмрон бошад.

Дӯстон, ҷашни дилафрӯз муборак бошад,
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!