МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН

13-09-2023
13 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо вазири маорифи Ҷумҳурии Туркманистон Курбонгул Атаева баргузор гардид.
Зимни мулоқот Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Туркманистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардидани чунин мулоқотҳо миёни вазирони маориф худ бозгӯкунандаи он аст, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба соҳаи маориф ва илм диққати махсус зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Курбонгул Атаева изҳор дошт, ки таҳкими равобити дуҷониба дар самти маориф, махсусан, зинаи таҳсилоти олии касбӣ аз ҳадафҳои асосии ба шумор меравад. Ин имкон медиҳад, ки табодули донишҷӯён, таҳсили онҳо дар кишварҳои ҳамсоя ба таври густурда ба роҳ монда шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии вохӯрӣ омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳо ва таҳкими муносибатҳои неки кишварҳо мебошад. Умед аст, ки вохӯрӣ ба самтҳои илм, таълим ва инноватсия такони нав бахшида, марҳалаи муҳими рушди муносибатҳои муассисаҳои илмию таълимии Тоҷикистону Туркманистон мегардад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон