МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ МАЛАЙЗИЯ ДАР СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД

04-05-2023
Рӯзи 4 майи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА ва иштирок дар Форуми Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бо Сафири Малайзия дар Созмони Миллали Муттаҳид ҷаноби Аҳмад Файсал Муҳаммад мулоқот анҷом дод.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти мулоқот ба Аҳмад Файсал Муҳаммад барои ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои тарафайн дар асоси «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ», ки таърихи 23 июни соли 2014 дар шаҳри Пуртраҷаяи Малайзия зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Малайзия ба имзо расидааст ва дигар санадҳои меъёрӣ ба роҳ монда шудааст. Барои дар сатҳи беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм зарур аст, ки соддакунии ҳуҷҷатгузорӣ ва бадастории раводид барои донишҷӯён ба роҳ монда шавад. Мо бовар дорем, ки ин ва дигар масъалаҳо дар натиҷаи чунин вохӯриҳо роҳҳи ҳали худро меёбанд.
Ҷаноби Аҳмад Файсал Муҳаммад низ дар навбати худ аз ҳамкориҳо бо ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки пешниҳодҳои мазкур боиси беҳтар гардидани фаъолият гардида, заминаи хубе барои вусъати ҳамкориҳои минбаъдаи тарафҳо хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин вохӯрӣ вазири маориф ва илмро сардори раёсати маориф ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати моариф ва илм Фаррух Худойдодзода ҳамроҳӣ намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон