МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ШУРОИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД (ECOSOC)

04-05-2023
Санаи 4-уми майи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҳошияи Форуми солонаи Шурои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бо Президенти Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC) хонум Лачезара Стоева мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонум Лачезара Стоева ҷиҳати ташкил намудани чунин форуми сатҳи байналмилалӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба илму маориф арзи сипос намуда, қайд кард, ки чорабинии мазкур имкон фароҳам меорад, ки бисёре аз масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, илм, технология ва фановарӣ дар доираи шахсони воломақом аз кишварҳои гуногуни дунё баррасӣ гардида, дар рушди соҳаҳои болозикр мусоидат намояд.
Ҳамзамон, чорабинии мазкур барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ имкон фароҳам меорад, ки бо ҳамтоёни хориҷии худ табодули таҷриба намуда, ҳамкории худро бо шарикони рушд ва кишварҳои мутараққии дунё дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Хонум Лачезара Стоева дар навбати худ иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати пешниҳодҳои муҳим дар самти рушди устувор, аз ҷумла пешниҳоди охирини Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо боиси саҳмгузорӣ дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ карда, иброз намуд, ки ҳадафи мо аз гузаронидани ин форум ҷалби бештари сармоя аз дигар соҳаҳо ба соҳаи илм, маориф ва технология мебошад, зеро пандемияи COVID-19 нишон дод, ки бидуни тараққии маориф, илм ва технология ҳеҷ кишваре наметавонад рушд кунад. Ихтироъ кардани ваксина бар зидди COVID-19, ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо дар давраи пандемия тариқи онлайнӣ натиҷаи илму технология буд.
Ҳамчунин, хонум Лачезара Стоева қайд кард, ки иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин форум аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса дорад.
Дар охир Раҳим Саидзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ҷиҳати баланд бардоштани сифтаи таҳсил дар ҳама зинаҳои таҳсилот корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Тоҷикистон таҷрибаи гузаронидани форумҳои сатҳи байналмилалиро дорад ва мо омода ҳастем форуми байналмилалиеро оид ба рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронем.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон