МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

05-05-2023
5 майи соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, намояндаи раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Носирӣ, сардорони раёсат, шуъба, бахш, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Нахуст муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода зимни баромади худ иброз намуд, ки мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар боиси нигаронии аҳли ҷомеа гашта, мубориза бар зидди ин амал натанҳо аз мақомоти дахлдори давлатӣ, балки аз тамоми қишрҳои ҷомеа вобастагӣ дорад. 
Ҷамшед Ҷӯразода афзуд, ки маҳз пешгирии амалҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба хатоҳои молиявӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидани маблағҳои дар буҷет пешбинишуда ва ҳамкории густурда бо мақомотҳои марбута боиси баланд бардоштани сифати таълим ва хубтару беҳтар шудани фаъолияти соҳа мегардад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маориф ва илм амалӣ менамояд, ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва решакан намудани он чораҳои дахлдор андешида, барои аз байн бурдани ин амали нангин ҳамеша кӯшиш менамояд.
Сипас намояндаи раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Носири дар рафти баромади худ қайд намуд, ки барои мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ва аз байн бурдани он бояд миёни ҷомеа, махсусан, кормандони соҳаи маориф ва илм корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд карда шавад. Баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии намояндагони соҳа онҳоро водор месозад, ки аз ҳуқуқҳои худ ҳифз кунанд ва ба амалҳои нангини коррупсионӣ даст назананд.
Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар боби пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва беҳтар намудани фаъолияти молиявии муассисаҳои таълимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон